амал — [عمل] а 1. кор, меҳнат, фаъолияти меҳнатӣ 2. вазифа, мансаб, мартаба 3. таъсир, асар; амали дору таъсири дору, фоидаи дору 4. сабзиш; нашъунамо; нағз амал кардан тез сабзидан, дар нашъунамо шудан 5. амалия, таҷриба; илму амал назарияю амалия; дар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қадд — I [قد] а 1. дарозии одам, ҳайвон ё растанӣ ба боло, қомат, боло: қади баланд, қади боло, қади дароз, қади дилҷӯ, қади мавзун, қади расо, қади раъно, қаду боло, қаду қомат, қади касе хам гаштан, қади худро хам кардан; ба тариқи истиора: нахли қад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
авҷ — [اوج] а 1. боло, баландӣ, нуқтаи баландтарини ҳар чиз, нуқтаи олӣ 2. дараҷаи баланд, авҷи баҳор ҳангоми нашъу нумувви табиат ва шукуфои рустаниҳо; авҷи девонагӣ шиддати девонагӣ; авҷи кор ҳангоми ҷӯшу хурӯши кор; авҷи осмон // авҷи фалак… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барбаста — [بربسته] 1. сифати феълии замони гузашта аз барбастан; басташуда, бандкардашуда 2. аз нашъунамо монда, пажмурдаву афсурдашуда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барор — I [برار] асоси замони ҳозира аз баровардан II [برار] пешрафт, муваффақият; омади кор; авҷу барор нашъунамо; ривоҷу равнақ; барор гирифтани (кардани) кор омад кардан, бо муваффақият анҷом ёфтани коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
болиш — [بالش] исми феълӣ аз болидан; сабзиш, рӯиш, нашъунамо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ватан — [وطن] а 1. ҷои таваллуд ва нашъунамо (мас., деҳа, шаҳр, мамлакат), зодгоҳ, меҳан; ҷои баромаду пайдоиши чизе 2. ҷои истиқомат, манзил, макон, маскан; ватан кардан ҷои истиқомат ихтиёр кардан, манзил гирифтан 3. диёр, сарзамин, кишвар, мамлакат;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
воя — I [وايه] камол, рушд; ба воя расидан а) бузург шудан, калон шудан; ба камол расидан; б) сабзидан, нашъунамо ёфтан, сабзиш кардан (доир ба растанӣ) II [وايه] миқдори муайяне аз чизҳои нашъадиҳанда, ки гирифторони вай ҳар рӯз он миқдорро мехӯранд ё … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
давонидан — [دواندن // دوانيدن] 1. тарзи бавоситаи давидан; ба давидан водор кардан, тозондан; асп давондан а) асп тозондан, машғули аспдавонӣ шудан; аспро давонда рафтан; б) аспакӣ ҳуҷум кардан, савора ҳамла овардан 2. андудан, ҳалкорӣ кардан (бо оби тилло … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дарӣ — I [دري] мансуб ба дара; кабки дарӣ навъе аз ҷинси кабки хушхон II [دري] забони форсию тоҷикии адабӣ, ки аз асрҳои VIII IХ сар карда дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нашъунамо ёфт ва дар давраҳои баъд ба дигар сарзаминҳо паҳн шуда, асос ва намунаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ